Президенти Фонди «Тоҷикистон», роҳбари Маркази иттилоотиву ҳуқуқии «Муҳоҷират ва қонун» Гавҳар Ҷӯраева дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Мир 24» андешаи худро нисбати марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа баён дошт.
«Ман чунин мешуморам, ки ин куштор аст ва барои ин ҳатман бояд муҷозот кард», - гуфтааст ӯ. Ӯ бар ин назар аст, ки барои ин мебояд ҷазои ҷиддӣ таъин кард. «Зеро ба ҷуз ҳалок шудани кӯдак, он ба муносибатҳои байнулмилалӣ халал ворид мекунад. Ин бовар ба муҷозоти шахсоне дар Русияро , ки хориҷиёнро ғулом мешуморанд, коста мегардонад», - иброз доштааст Г.Ҷӯраева.
Ба андешаи ӯ, «чизи аз ҳама фоҷеабор барои кӯдак маҳрум сохтани ӯ аз амният буда, минтақаи амнияти ӯ модараш аст ва агар ин девори муҳофиазат хароб карда шавад, кӯдак хеле осебпазир мегардад. Кӯдакро ҳамеша метавон ба дасти хешовандонаш супурд… Лекин ин кор ба тарзи дигар бояд ба иҷро расад, инсонгароёна ва мувофиқи анъанаҳои Русия, на ба он анъанаҳое, ки имрӯз баъзан дар Ғарб роиҷанд».
Муфассалтар дар навори видеоии шабакаи телевизионии «Мир 24».
Идораи «Азия-Плюс» барои маълумоти қаблан носаҳеҳи дар ин хабар интишоршуда аз корбарони сомона маъзарат мехоҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста