Дар шаҳри Маскав брифинги намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова доир гардид, ки дар он ӯ роҷеъ ба ҳодисаи марги тифли тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург низ изҳори назар кард.
«Пеш аз ҳама мехоҳам аз номи Вазорати корҳои хориҷӣ ва аз ҳамаи мо шахсан ба волидони Умаралии хурдсол ва тамоми хешону наздикони ӯ дар робита ба ин мусибат ҳамдардии амиқ изҳор намоям», - гуфт Захарова дар посух ба саволҳои журналистон.
Ба гуфтаи ӯ, чун ин хабари нохуш даррасид, Вазорати корҳои хориҷии Русия ҷиҳати рӯшану возеҳ сохтани ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба ҳамаи мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намуд.
Захарова ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар шуъбаи тафтишоти ноҳияи Невскии Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербруг рӯзи 20 октябр таҳти №387641 аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар қ. 2, моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
«Ин ҷо сари масъалаи то ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ дар натиҷаи аз ҷониби шахс ба таври бояду шояд иҷро нашудани уҳдадориҳои касбиаш сухан меравад. Ҷараён ва натиҷаҳои тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур таҳти назорати мақомоти прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад. Ҳамзамон раҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷират, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ низ оид амалҳои кормандони худ санҷиши дақиқ гузаронида истодаанд. Мо аз ҷониби худ бо ҳамаи мақомоти ҷалбшуда ба ин қазия робитаи доимӣ дошта, шуморо итминон доданиам, ки тафтиш ва санҷишҳои дахлдор фаврӣ, ошкор ва дақиқона сурат мегиранд. Сухан сари фоҷеаи бузурги инсонӣ меравад», - афзудааст намояндаи расмии ВКХ Русия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста