Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нимаи дуюми рӯзи 31 октябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи муштараки Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба шаҳри Самарқанд меравад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрӣ дар Самарқанд дар шакли нави муколама миёни ИМА ва давлатҳои Осиёи Марказӣ «С5+1» баргузор гардида, иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба мушкилоти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ мекунанд.
Дар ҷаласаи мазкур ба ҷуз Котиби давлатии ИМА, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, бори нахуст вазири корҳои хориҷии Афғонистон низ иштирок мекунад.
Қаблан дар доираи кори Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк рӯзи 26 сентябри соли равон Ҷон Керри бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ дидору гуфтушунид карда буд. Он замон ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки имкони баргузории муколамаҳои минбаъда дар шакли «С5+1»-ро ба иловаи робитаҳои мавҷудаи дуҷониба баррасӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста