Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот атрофи масоили рӯзномаи ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Бо ёдоварӣ аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявӣ ва сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «Ба андешаи мо, дар баробари нигоҳ доштани робитаҳои гуногунпаҳлӯ, ИДМ рушди ҳамкории иқтисодӣ ва амниятиро бояд чун самти афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи худ муайян намояд».
Ба авзои кунунӣ дар шимоли Афғонистон ва таъсири эҳтимолии он ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва сарҳадоти ҷанубии иттиҳод таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Иштирокдорони мулоқот доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлӯ дар доираи ИДМ изҳори ҳамфикрӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста