Дар маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и пойтахт имрӯз ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи мазкур нахуствазирони Арманистон - Овик Абраамян, Беларус - Андрей Кобяков, Қазоқистон - Карим Масимов, Қирғизистон - Темир Сариев ва Русия - Дмитрий Медведев ба Душанбе ташриф оварда, Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахуствазири кишвар Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.
Дар ҷаласа аз Туркманистон муовини раиси девони вазирон, аз Озарбойҷону Ӯзбекистон - муовинони нахуствазири ин кишварҳо ва аз Украина сафири ин давлат дар Тоҷикистон Виктор Никитюк иштирок мекунанд.
Мутобиқи барномаи сафар иштирокчиёни ҷаласаро нахуст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Сипас иштирокдорони ҷаласа масоили рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ намуда, пас аз имзои санадҳо аз натиҷаҳои он дар нишасти хабарӣ маълумот дода хоҳад шуд. Дар ин ҷаласа баррасии 40 лоиҳаи санадҳо дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста