Пас аз мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн дар қароргоҳи Президенти Покистон дар ҳузури аҳли илму фарҳанг, роҳбарияти Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” - и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти срвари давлат, дар қарори Шӯрои академии донишгоҳ омадааст - “Бо назардошти талошҳои бузург, пешбурди ҳусни тафоҳуми байни тамаддунҳо, ҳамзистии динҳо, таҳаммулпазирӣ, озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, таҷассум ёфтаанд, Донишгоҳи Қоиди Аъзами Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти нодир ва арзанда, бо камоли майл ва ифтихормандӣ аз номи муассисаи илмию таълимӣ ва олимони олиқадр бо унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” сарфароз менамояд”.
Шаҳодатномаи унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Покистон, ҳамзамон Ректори Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон Мамнун Ҳусайн дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.
Баъди маросими супоридани унвони ифтихорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, бо арзи сипосу миннатдорӣ изҳор дошт: “Мо аз нақши бузурги муассиси Покистони навин, яке аз шахсиятҳои бузурги ҳаракати милливу озодихоҳии нимҷазираи Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиннаҳ хуб иттилоъ дорем ва барои ман боз ҳам мояи ифтихор аст, ки ин унвонро донишгоҳе, ки номи Қойиди Аъзамро дорад, ба ин ҷониб эҳдо менамояд”.
Дар идомаи сухан ҳамчунин зикр гардид: “Нақши назарраси донишгоҳи шумо дар омодасозии кадрҳои бахшҳои мухталиф барои Покистон ва рушди устувори он барои ҳамаи мо равшану возеҳ аст”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “Решаҳои муштараки фарҳангию таърихӣ ва наздикии забонҳои тоҷикию урду барои мардумони мо имкон медиҳанд аз арзишҳои фарҳангии ҳамдигар баҳраманд бошанд”.
Таъкид гардид, ки мо бояд иқтидори фарҳангу тамаддуни миллатҳои худро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу ободи халқҳои Осиёро барпо намоем.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста