Дар шаҳри Маскав дидору гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири Қирғизистон дар Русия Болот Ҷунусов баргузор шуд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, зимни мулоқот масоили рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Ҳарду ҷониб манфиатдории худро ба ҳаллу фасли харчи зудтари масоили баҳсноки сарҳадӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳор намуданд.
Изҳори бовар шуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мардуми тоҷику қирғиз минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамсоя, ки манфиат ва ҳадафҳои умумӣ доранд, мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ манфиатдории ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва масоили гуманитарӣ таъкид шуда, ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Бишкек ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва ҷониби Қирғизистонро муовини аввали нахуствазири Қирғизистон Аали Караше намояндагӣ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста