Дар Кохи сулҳи Ҷамъияти мардумии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии Чин маросими рӯнамои албоми аксҳо таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон. Рисолати созандагӣ» доир гардид.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин, зимни ифтитоҳи ин маросим сардабири нашрия барои кишварҳои хориҷии газетаи «Женмин Жибао» Ван Шучэн таъкид доштааст, ки дар симои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «қаҳрамони миллии Тоҷикистонро мебинад, ки дар замони тақдирсоз барои кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, оштии миллиро амалӣ намуд».
Ӯ саҳми президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳандозӣ ва таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин таъкид дошта, зикр кардааст, ки муносибатҳои бовариноку шахсии дӯстона миёни Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари давлати Чин Си Ҷинпин ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, кор рӯйи таҳияи албоми мазкур муддати 8 моҳ идома ёфта, аз 7 ҳазор акс муаллифон 500 адад аксҳои нодири марбут ба марҳилаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти сарвари давлати Тоҷикистонро интихоб ва дар албоми мазкур ҷой додаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин маросими пуршукӯҳ муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Парвиз Давлатзода, роҳбарони департаментҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Чин Лю Бин ва Се Ҷинин, кормандони вазорат ва идораҳои бахши илму фарҳанг, макотиби олӣ ва китобхонаҳо, намояндагони доираҳои корӣ ва коршиносони Чин ва як қатор намояндагиҳои дипломатии муқими Пекин ҳузур доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста