Президенти Русия Владимир Путин бо президенти Фаронса Франсуа Олланд, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Маскав меояд, дидору гуфтушунид мекунад.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Кремл, зимни гуфтушунид сарони ҳарду кишвар масоили муқовимат ба хатари террористӣ бо шумули ҳамоҳангсозии мубориза бо гурӯҳи Давлати исломӣ ва ҳамчунин як қатор масоили дигари муҳими байнулмилалиро баррасӣ ва атрофи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба табодули назар мекунанд.
Гуфта мешавад, Путин ва Олланд санаи 17 ноябр дарҳол баъди амалҳои террористӣ дар Париж оид ба баргузории гуфтушуниди дуҷониба ба мувофиқа расида буданд. Зимни гуфтугӯи телефонӣ онҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо терроризмро баррасӣ карда, тасмим гирифта буданд, ки дар ҷараёни амалиёт алайҳи террористон дар Сурия, миёни мақомоти низомӣ ва хадамоти махсуси ҳарду кишвар робитаи зич барқарор намуда, амалҳояшонро ҳамоҳанг месозанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста