Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи ногувори марбут ба сарозер кардани ҳавопаймои ҳарбии Русияро дар санаи 24 ноябри соли 2015, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок мекард, бо андӯҳ қабул намуда, ба хешовандону наздикони хизматчиёни ҳарбии ҳалокшуда изҳори тасаллият менамояд.
Дар изҳороти интишоршудаи ВКХ Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» қайд мешавад, ки «мо дар шароити муосир мавҷудияти ҳамраъйӣ, ваҳдат ва дастгирии мутақобиларо дар мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷавоби маҷмӯӣ ба душмани муштараки мо-терроризми ҷаҳониро муҳим мешуморем. Дар ин росто, маъракаи зидитеррористии гузаронидаи Русия ҷойгоҳи муҳимро касб мекунад».
«Ҳамчун ҷонибдори муътақид ба амалиёти якҷояи ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм, Тоҷикистон умедвор аст, ки ҳодисаи рухдодаи сарозер шудани ҳавопаймои Федератсияи Русия холисона арзёбӣ шуда, ба муташанниҷ нашудани вазъ ва ба эътидол омадани муносибати тезутундшудаи Русия ва Туркия мусоидат мекуна», - омадааст дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста