Шоҳзода Амин Оғо Хон, бародари волоҳазрат Оғо Хон рӯзи 29 ноябр ба сафари кории якрӯза ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон оид ба рушд хабар доданд.
Бунёди мазкур агентиҳои ҷудогонаро муттаҳид месозад, ки аз рӯи самтҳои гуногун, шурӯъ аз рушди иқтисодӣ, маориф ва рушди деҳот ва то эҳёи фарҳангӣ, бахши тандурустӣ ва хизматгузориҳои молиявӣ фаъолият мекунанд.
Фаъолияти ин агентиҳо ба ноил гардидан ба ҳадафҳои умумӣ - таъсиси ниҳод ва роҳандозии барномаҳое, ки ба мушкилоти замони муосир вокуниш нишон дода тавонанд ва истифодаи имконоти мавҷудаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
АКДН аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар кор бо ҷамоатҳои манотиқи кӯҳистон таҷрибаи зиёд дорад. Айни замон ин созмон дар ҳамаи вилоятҳову ноҳияҳои ҷумҳурӣ намояндагиҳои худро боз намуда, тариқи барномаҳои сармоягузории худ беш аз 3500 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста