Рӯзҳои 17-18 декабр бори нахуст дар Душанбе миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон машваратҳои дуҷониба баргузор мешаванд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миёни Тошканду Душанбе ягон маротиба ба ин монанд машваратҳо гузаронида нашудаанд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро дар машваратҳо муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳо роҳбарӣ мекунанд.
Зимни машваратҳои дуҷониба масоили муҳиму рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд. «Ба масъалаҳои рушди муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи мушкилоти глобалии минтақа, паҳнои ИДМ, вазъ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон низ табодули назар мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста