Субҳи рӯзи 1 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйири иқлим ҷиҳати вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ аз Франсия ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ мулоқот карда, дар ҷараёни дидору гуфтушунид масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.
Дар шаҳри Брюссел Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер дидору гуфтушунид анҷом дода, дар мулоқот масоили рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи Аврупо баррасӣ гардид.
Шоми ҳамин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Вилҳелм Молтерер мулоқот карда, ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста