Рӯзи 2 декабри соли 2015 дар Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи баланди ЮНЕСКО дар мавзӯи “Об, мардум ва ҳамкорӣ: 50 соли барномаҳои марбут ба оби ЮНЕСКО барои рушди устувор”, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби Конфронси тарафҳои Конвенсияи сиғавии СММ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим (СОР-21) баргузор гардид, ширкат кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суханронӣ дар чорабинӣ С. Аслов ширкати фаъолонаи сохторҳои ЮНЕСКО-ро дар таҳия, татбиқ ва арзёбии иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 таъкид кард.
Гуфта мешавад, С. Аслов аз ниҳодҳои дахлдори СММ, ба вежа ЮНЕСКО ва барномаҳои марбут ба оби он даъват кард, ки бо ҳамкориро бо Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таҳия ва татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 пешниҳод гардида буд, идома бахшанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста