Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндагони форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид хонум Мика Марумото — Директори иҷрояи ташкилоти байналмилалии АФПНР, Ҳомидова Азиза- Роҳбари Хазинаи нуфузи СММ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони онҳо мулоқот намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва хазинаи нуфуси созмони милали муттаҳид изҳори назар карда шуд.
Зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки пешниҳоди роҳбарияти Форуми осиёии намояндаҳои парлумонҳо оид ба нуфус ва рушд Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи Гурӯҳи парлумонии Кумитаи доимоамалкунандаи сармоягузорӣ дар соҳаи фаъолияти ҷавонон интихоб гаштааст. Мо итминон дорем, ки дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода хоҳанд шуд.
Хонум Мика Марумото — Директори иҷрояи ташкилоти байналмилалии АФПНР аз сатҳи ҳамкориҳои созмонҳояшон бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки созмонҳояшон омода аст, ҳамкориҳои худ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳанд.
Онҳо таъкид намуданд, ки таҳкими муносиботи форуми парламентарҳои осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, хазинаи нуфуси созмони милали муттаҳид ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ заминаи боэътимод эҷод мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста