Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Федералии Русия Президенти ин кишвар Владимир Путин изҳор намуд, ки Русия намехоҳад дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Туркия ба бомбаандози СУ-24-и Русия, аз нерӯи вазнини низомӣ истифода кунад, аммо ин кор танҳо бо маҳдудият дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ба охир намерасад.
«Асоси амалҳои мо, пеш аз ҳама, масъулият дар назди Ватан ва халқамон хоҳад буд. Мо азми ҷанг кардан надорем ва таҳдид ҳам нахоҳем кард. Лекин агар касе гумон кунад, ки бо содир кардани ҷинояти ҳарбии разилона - куштори мардуми мо - бо помидор ё баъзе маҳдудиятҳо дар сохтмон ва дигар соҳаҳо халос мешавад, сахт хато мекунад», - ҳушдор дод Владимир Путин.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , дар Паёми мазкур Президенти Русия Владимир Путин кишварҳои дунёро ба таъсиси ҷабҳаи ягонаи зиддитеррористӣ таҳти сарпарастии СММ даъват намуд.
Гайр аз ин сарвари давлати Русия зикр кард, ки «ба терроризми байналмилалӣ танҳо бо нерӯи як кишвар ғолиб омадан имконнопазир аст , бахусус дар шароите, ки амалан сарҳадҳо дар ҷаҳон кушодаанд ва ҷаҳон ҳиҷрати нави мардумонро аз сар мегузаронад ва вақте ки террористон дастгирии доимии молӣ меёбанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста