Котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки аз замони Тоҷикистони ба ҷанги шаҳрвандӣ фарогирифтаро ба роҳбарӣ гирифтани Эмомалӣ Раҳмон муддати 23 сол ӯ чандин маротиба собит сохт, ки пешвои ҳақиқии миллат аст ва ин унвон ё мақомро ба ӯ додан тариқи қонун эътирофи хизматҳояш назди Ватан мебошад.
Исмоил Талбаков, ҳарифи Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботи президентии солҳои 2006 ва 2013 муътақид аст, ки президенти амалкунандаи Тоҷикистон миёни мардум хеле маҳбубу писандида аст. «Бидуни баргузор кардани кадом як назарпурсие бо итминон метавон гуфт, ки писандидагиву маҳубияти ӯ миёни мардум ҳамеша дар сатҳи 90-95 фоиз қарор дорад», - мегӯяд Талбаков.
«Дастгирие, ки Эмомалӣ Раҳмон миёни мардуми Тоҷикистон дорад, ҳеҷ як президенти дигар дар саросари ҷаҳон надорад», - чунин мешуморда коммунист Талбаков.
Котиби КМ Ҳизби коммунист таъкид дошт, ки саҳми Э.Раҳмон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҳамчунин баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмиилалиро «танҳо шахси бевиҷдон эътироф карда наметавонад».
Ба андешаи Талбаков, ба Э.Раҳмон додани мақоми «Пешвои миллат» дар шароити ташаннуҷи вазъ дар аксари минтақаҳои ҷаҳон ба муттаҳид шудани мардум миёни президенти худ мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста