Нимаи дуюми рӯзи 10 декабр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи сафирони нави кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ю Э Бин, Ҷумҳурии Ҳиндустон Бираҷа Прасад, Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас,Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс, Испания Педро Хосе Санз Серрано, Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Носир Бушерит ва Ҷумҳурии Гвинея Бангалӣ Диахабӣ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.
Президенти мамлакат бо итминон иброз дошт, дар доираи сисёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё - бидуни истисно - муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.
Рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи муассир, авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими равобит бо кишварҳо, муносиботи сохторҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатии Тоҷикистону кишварҳо аз масъалаҳои асосии суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони нав буд.
Инчунин таъкид гардид, ки кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо, имрӯз дар сафи дӯстону шарикони давлату мардуми Тоҷикистон қарор доранд. «Ин робитаҳо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд ва мо дар ин ҷода аз фаъолияти дипломатии Шумо, самараҳои неку назаррасро интизорем», - таъкид намуд дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста