Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барқия ирсол намуда, ба ӯ барои ирсоли кумаки башардӯстон ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ миннатдорӣ изҳор намуд.
«Аз Ашхобод бо таассуроти бузург аз ҷашни умумихалқӣ бахшида ба 20-солагии бетарафии Туркманистон баргашта, мо дар бораи расидани ёрии башардӯстона ба Душанбе, ки бо супориши Шумо барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, бо миннатдорӣ хабар ёфтем», - қайд мешавад дар барқия.
Гуфта мешавад, сарвари давлати Тоҷкистон зикр кардааст, ки «мо ин иқдомро ҳамчун як нишонаи дастгирии ҳамдигарии анъанавии бародарона, ки саршор аз муносибатҳои ғании бисёрасра миёни мардумони тоҷику туркман аст, мешуморем».
«Мутмаинем, ки ин дастгирии бародарона кумаки хубе дар кӯшишҳои бартараф сохтани оқибатҳои заминларза дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кишвари мо хоҳад буд. Он фавран ба ноҳияҳои аз офати табиӣ хисоротдида равона шуда, барои эҳтиёҷоти аҳолии зарардида ва ҳамчунин корҳои таъмиру барқарорсозӣ истифода мешавад», - изҳор мегардад дар барқия.
Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, дар робита ба заминларзаи рӯзи 7 декабр дар ВМКБ, ки бар асари он ба ин минтақа хисороти зиёд расид, Ашхобод ба Душанбе кумаки башардӯстона ирсол намуд.
Кумаки башардӯстона бо ташаббуси президенти Туркманистон дар 22 вагони роҳи оҳан фиристода шудааст, ки аз 1 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 134 тонна орди нави 1-ум, 12 тонна равғани растанӣ ва 120 тонна арматураи сохтмонӣ иборат аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста