Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон ба президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии сарвари давлати Тоҷикистон ба сатҳи муваффақонаи шарикии Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир баҳои баланд дода мешавад
«Мехоҳам азмамонро дар мавриди равона кардани тамоми кӯшишҳои зарурӣ барои тавсеаи ҳамаҷониба ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду давлат, ки ба баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳавасмандии ҷонибҳо асос ёфтааст, изҳор намоям», - омадааст дар барқия.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки «дар якҷоягӣ мо метавонем он тавофуқотеро, ки зимни сафари расмии каме қаблии Шумо ба Тоҷикистон ба даст омаданд, дар амал татбиқ намоем ва бо роҳи ҳамкории дуҷониба ба пеш ҳаракат кунем».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста