Дар машварати фаъолони шаҳри Кӯлоб раиси шаҳр Хайруллои Амонулло гуфт, «бо ифтихори хосса изҳор медорам, ки президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи фаъолияташро аз зинаи директори совхоз то ба пешвои умумимиллӣ маҳз аз шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст».
Қобили зикр аст, ки қабл аз машварат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ба нишони ҳамраъйӣ ва дастгирии қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» дар шаҳр раҳпаймоии умумӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ дар машварат раиси шаҳри Кӯлоб таъкид дошт, ки соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб ва аллакай 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.
«То ин замоне, ки мо далели пешвои ҳақиқии милллат будани Эмомалӣ Раҳмонро эътироф мекунем, соли 1999 ӯ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор дониста шуда, ҳамчунин бо ордену медал ва мукофоту ҷоизаҳои сершумори байнулмилалӣ қадрдонӣ шудааст», - иброз дошт раиси шаҳр.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста