Дар чаҳорчӯби сафар ба Давлати Кувайт раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо мушовири девони Амири ин кишвар, директори Фонди исломии хайрияи Кувайт Абдулло Ал-Маътуқ дидору гуфтушунид кард.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармояи Кувайт баҳри дастгирии бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Ш.Зуҳуров изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя аз Кувайт барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии соҳибкорони тоҷик тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба онҳо ва ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои ин давлат дар Тоҷикистон манфиатдор аст.
Зимнан зикр гардид, ки дар навбати худ Абдулло Ал-Маътуқ зикр кардааст, ки Кувайт ба рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо омода буда, вале айни замон ба бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва бахши сайёҳии Тоҷикистон афзалият медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста