Ба хотири дастгирӣ аз қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» дар майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе аксияи ҷавонон пайрави «Пешвои миллат» доир гардид.
Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, дар он наздики 4 ҳазор нафар донишҷӯёну ҷавонон аз маинтақаҳои гуноугуни ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.
Қобили зикр аст, ки ин аксияи ҷавонон баъди як рӯзи ба имзо расидани қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» доир гардида, нишони дастгирии насли ҷавони кишвар аз қабули ин қонун аст.
Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 декабр қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро ба имзо расонид. Ин қонун 9 декабр аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва 18 декабр аз тарафи палатаи болоии парлумон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста