Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон аз даъвати раиси Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати иштирок дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон нигаронӣ изҳор намуд.
Дар изҳороти Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин дар ин робита қайд мешавад, ки дар ин конфронси сатҳи баланд бо иштироки президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва дигар пешвоёни мазҳабӣ Тоҷикистонро раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода, директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода намояндагӣ мекунанд.
«Иштироки пешвои Ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон дар конфронс нигаронии Кумитаи динро ба бор овард», - навиштааст Юсуфов. Ӯ ҳамчунин мутмаин аст, ки ин амал боиси нигаронии аксари аҳолии Тоҷикистон низ мебошад. Намояндаи Кумита хотиррасон кардааст, ки 29 сентябр Суди олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро созмони террористӣ эътироф намуд. «Чаро ҷониби Эрон бо огаҳӣ аз ҳамаи ин маълумот, пешвои ин ҳизбро, ки бо дархости Тоҷикистон мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дорад, ба конфронси худ даъват намуд», - иброз доштааст Юсуфов.
Хабаргузории TojNews бо такя ба изҳороти Юсуфов менависад “ин конфронси байналмилалӣ, ки “Ваҳдати исломӣ” унвон гирифтааст, пас дар он бояд аз ваҳдат, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мусулмонон сухан гуфт.”
«Раиси ҳизбе, ки борҳо ҷиҳати анҷом додани аъмоли хунин, харобкориҳо, қатлу куштор дастур додаст, чӣ гуна боз метавонад аз боби ваҳдату бародарии мусулмонон сухан гӯяд?! Албатта, ин як ҷониби масъала аст. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки ҷониби Эрон, ки ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад, оё ба мавқеъ ва қонунгузории кишвари бародари худ арҷ ва эҳтиром мегузорад ё на? Ин мавқеи Эрон – даъвати шахсе, ки бо дархости “кишвари бародар” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дар чунин як ҳамоиши сатҳи баланд суолҳои зиёди бидуни посухро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад», - овардааст гуфтаҳои намояндаи Кумитаи динро хабаргузории TojNews.
«Оё Эрон аз ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри Душанбе бехабар буд? Оё дар амалӣ сохтани ин ҳама ҳаводиси хунин ҳамин ҳизби ифротгарои “Наҳзати исломӣ” даст надошт?. Ва суоли ниҳоӣ чунин буда метавонад, ки ба чунин конфронси сатҳи баланд, ки дар баробари намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дини кишварҳои олам, ҳамчунин бархе аз террористону ифротгароён даъват шудаанд, чӣ натоиҷеро интизор шудан мумкин аст?», - баён гардидааст дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Бахром29 январ, 2016 11:10
бехтарин рохи мусолиха ин мувофика бо Хукумати Чумхурии Точикистон буд на бо Мухидин Кабири. Фикр мекунам, ки аз ин сиёсатбозии Чумхурии исломии Эрон мардуми ин сарзамин бо итмино рози нест.