Сафорати Туркия дар Тоҷикистон маълумоти ВАО дар бораи аз 1 июни соли 2016 аз ҷониби ин кишвар ҷорӣ шудани низоми раводид барои 89 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро беасос унвон кард.
Дар изҳороти ба дасти «Азия-Плюс» расида қайд мешавад, ки гуфтушунидҳо бо Иттиҳоди Аврупо бо мақсади таъмини озод шудан аз гирифтани раводиди Шенген барои шаҳрвандони Туркия идома доранд.
«Комилан ба тартиб овардани сиёсати раводидии мо бо кишварҳои сеюми Иттиҳоди Аврупо уҳдадориест, ки мо бояд баъди пурра ба узвияти Иттиҳоди Аврупо пазируфта шудани Туркия иҷро намоем», - зикр мегардад дар маълумот.
«Ҳамин тариқ, дар ин марҳила маълумот дар бораи нақшаҳои Туркия оид ба ҷорӣ кардани равуо тариқи низоми раводид аз 1 июни соли 2016 нисбати кишварҳое, ки ба онҳо гирифтани раводиди Иттиҳоди Аврупо зарур аст, асоси воқеъӣ надорад», - таъкид мешавад дар изҳороти сафорат.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл як қатор ВАО бо истинод ба расонаҳои туркӣ, ки дар навбати худ ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар такя мекарданд, хабар доданд, ки тобистони соли равон Туркия бо 89 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистон, ки миёни кишварҳо низоми бидуни раводид амал мекард, реҷаи равуо тариқи раводид (виза)-ро ҷорӣ мекунад ва аз ҷониби Туркия ҷорӣ кардани низоми раводид яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста