Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар чунин мешуморад, ки аз ҷониби Эрон ба Теҳрон ҷиҳати иштирок ба Конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ» даъват шудани собиқ раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ метавонад ба муносибатҳои байни кишварҳо таъсири манфӣ расонад.
«Мо инро рафтори хасмона, эҳтиром нагузоштан нисбат ба Тоҷикистон арзёбӣ мекунем», - гуфт ӯ имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Ба андешаи ӯ, чунин рафтор метавонад ба муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ки «мо талош дорем дар сатҳи хуб нигоҳ дорем», халал ворид созад. «Ин албатта ба манфиати ҳеҷ кадоме аз мо нест», - иброз дошт раиси МТС.
Номбурда қайд кард, ки «вақте аз ҷониби касе амалҳои ҳадафмандонаи душманона эҳсос мешавад, ҳамеша ҳушёр мебояд буд». «Аз ин рӯ, сафири Эрон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуда, ба ӯ ёддошти эътироз супурда шуд», - гуфт ӯ.
Раиси МТС таъкид дошт, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро роҳандозӣ намуда, бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои мутақобилан судманд дорад. «Аммо кишварҳое, ки нисбат ба мо ба амалҳои душманона роҳ медиҳанд, пушаймон хоҳанд шуд», - афзуд Худойбердӣ Холиқназар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста