Мудири кафедраи забонҳои Академияи ВКД Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Азиза Давлатшоева бахшида ба Пешвои миллат - президенти Тоҷикистон шеър эҷод кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шеъри ӯ бахшида ба Пешвои миллат дар ҷамъомади тантанавӣ дар Академияи ВКД оид ба мавзӯи «Омӯзиши қонуни «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қироат карда шуд.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ назди курсантони Академия муовини аввали сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Абдусаттор Шоҳиён оид ба моҳияти қонуни зикршуда изҳори андеша карда, қабули онро амалӣ гардидани орзуву ормони мардуми тоҷик арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки ин қонун бо мақсади тақвияти сохтори конститутсионии кишвар қабул гардида, омӯзишу дар амал татбиқ намудани он барои аҳли ҷомеа муфид мебошад.
«Баргузории чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама ба сатҳи донишомӯзиву ҷаҳонбинии ҷавонон, хусусан, курсантону шунавандагони Академияи ВКД ва ба баланд гардидани рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии ин насли ояндасоз таъсири мусбат мерасонад», - гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти ВКД.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста