Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 14 январи соли 2016 муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ хонум Рита Тиотиаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ моҳи июли соли 2015 дар Душанбе ҳосил шуданд ва роҳҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими робитаҳо миёни вазоратҳои соҳавӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар баланд арзёбӣ шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар атрофи дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста