Сенатори амрикоӣ аз штати Кентукки Рэнд Пол, ки ба курсии президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ довталабӣ мекунад, лоиҳаи қонунеро таҳия намудааст, ки мутобиқи он Тоҷикистон ба феҳристи «кишварҳои ниҳоят хатарнок» шомил мегардад. Сенатор пешниҳод кардааст, ки барои тоҷикистониён дастрасии раводиди ИМА шадидтар гардонида шавад.
Ба рӯйхати «кишварҳои ниҳоят хатарнок» ҳамчунин ҳамсоякишварҳои наздики Тоҷикистон - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия низ дохил карда шудаанд.
«Ба конгресси ИМА лоиҳаи қонуне пешниҳод шудааст, ки дар он Русия ба феҳристи «кишварҳои ниҳоят хатарнок» шомил шуда, аз он ҷо ба ИМА террористон омада метавонанд. Дар санад баррасии дархост барои раводид аз ин кишварҳо на камтар аз 30 рӯз дар назар буда, ҳамчунин тақвияти назорат аз болои гурезаҳо аз ин давлатҳо пешбинӣ шудааст. Ин тағйирот ба Департаменти давлатӣ барои дар сурати зарурат моратория гузоштан ба қабули муҳоҷирон аз кишварҳои «номгӯйи начандон хуб», ки ба он дар қатори Русия Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва боз 30 кишвари африқоӣ шомиланд, ҳуқуқ медиҳад. «Санади амният» аз ҷониби сенатор аз штати Кентукки, ҷумҳурихоҳ Рэнд Пол таҳия шудааст», - менависад нашрияи «Известия» .
Гуфта мешавад, мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур, Департаменти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати амнияти дохилӣ бояд пайгири он бошанд, ки ба афроди аз «кишварҳои таҳдид» воридшаванда раводид на камтар аз 30 рӯз ё то анҷоми комили «санҷиши васеъи бехатарӣ» дода шавад.
Зимнан зикр мегардад, ки ба рӯйхати «кишварҳои ниҳоят хатарнок» мутобиқи лоиҳа ба ҷуз Тоҷикистон, боз кишварҳои «Афғонистон, Алҷазоир, Баҳрайн, Бангладеш, Миср, Эритрея, Индонезия, Эрон, Ироқ, Урдун, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Либия, Мали, Марокко, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Уммон, Покистон, Русия, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сомали, Судон, Сурия, Тунис, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон, Яман ва қаламрави Фаластин дохил шудаанд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста