Сафири Тоҷикистон дар Литва (қароргоҳ дар Минск) Қозидавлат Қоимдодов дар вохӯрии ҳамасолаи президенти Литва Дали Грибаускайте ширкат варзид, ки дар он беш аз 60 нафар сафирони кишварҳои Аврупо, Осиё ва Шарқи Наздик иштирок карданд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, сипас зимни мулоқоти Қ.Қоимдодов бо муовини вазири корҳои хориҷии Литва Андрюс Кривас масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Андюс Кривас қайд кард, ки Литва ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо манфиадор буда, ба баргузории машваратҳо миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо дар сатҳи директорони департаментҳо соли равон дар шаҳри Душанбе омода аст.
Ҳамчунин сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нақлиёти ва алоқаи Литва Алгис Жваляускас низ дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот зикр гардид, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни Литва ва Тоҷикистон 205,69 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода соли 2015 сарфи назар аз буҳрони иқтисодӣ, устувории он ба мушоҳида мерасад.
Ҷонибҳо муҳим будани рушди ҳамкориҳо дар бахши нақлиётро зикр карда, ҳамчунин оид ба истифодаи бандарҳои Литва барои транзити маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозори Аврупо ва аз бозори Аврупо ба Тоҷикистон, атрофи масоили трназити маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо табодули назар намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста