Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки дарҳол пас аз саркӯб кардани исёни мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим, Тоҷикистон тавассути Интерпол пешвои Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро мавриди пайгард эълон кард.
«Барои чӣ Кабирӣ озодона дар қаламрави Эрон ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо равуо мекунаду бо дархости Тоҷикистон дар он ҷо боздошт намешавад, инро аз ҳамон кишварҳо пурсидан лозим аст», - иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз мавриди ҷустуҷӯ эълон шудани Кабирӣ, ВКД ба Эрону кишварҳои Аврупо дар бораи фаъолияти ҷинояткоронаи ӯ маълумот низ фиристодааст, «лекин бо чӣ сабабе онҳо то ҳол ба маълумоти мо ҳеҷ вокунише зоҳир накарданд».
Зимнан зикр гардид, ки мақомоти Тоҷикистон 903 нафар шаҳрвандони кишварро, ки бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро алоқамандӣ доранд, мавриди ҷустуҷуӣ байнулмилалӣ эълон кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста