Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 26 январи соли 2016 сафири нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Инга Миллардро ба муносибати супоридани нусхаҳои эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни дидор ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, инчунин оид ба масъалаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амният дар манотиқи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва кӯмаки ШМА дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар вазифаи сафири Вашингтон дар Душанбе Элизабет Инга Миллард Сюзан Эллиотро иваз кард.
Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, сафири навинтихоби ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет И. Миллард баъди адои савганд, ки маросими он 14-уми декабри соли 2016 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, барои иҷрои вазифаи мазкур чанде қабл ба Душанбе ташриф овард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста