Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 28 январ сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бинро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили густариши робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки бо ташаббусу мусоидати сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сармоягузорӣ, коммуникатсия, энергетика, амният ва нақлиёт пурсамар роҳандозӣ шудаанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷараёни амалисозии созишномаҳои ҳамкории қаблан баимзорасида дар соҳаҳои иқтисоду молия, савдо, илму фарҳанг, амният, сармоягузорӣ ва коммуникатсияву нақлиёт табодули назар намуданд.
Сафири Чин низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бои Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо оҷикистон мебошад ва ин кишвар ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дӯсту ҳамҷавор истифода намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста