Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии имрӯза ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки маъракаи зиддитеррористӣ, ки Русия дар қаламрави Сурия роҳандозӣ кардааст, қатъиян дар доираи ҳуқуқҳои байнулмилалӣ ва бо даъвати ҳукумати расмии ин кишвар амалӣ мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, амалҳои Русия дар Сурияро Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мекунад ва бар ин назар аст, ки нақши Русия дар ҳалли мушкилоти Сурия хеле бузург аст. «Русия ба сифати узви доимии Шӯрои амнияти СММ дар Сурия ҳамчун ҳомии сулҳ амал мекунад», - иброз дошт Сироҷиддин Аслов.
Дар идома вазир таъкид дошт, ки ба муносибатҳои стратегӣ бо Русия Душанбе баҳои баланд медиҳад. «Русия чандин маротиба изҳор дошт, ки амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ амнияти ӯ низ мебошад», - афзуд ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста