- Дар робита ба қазияе, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби дар кишвари мо ифротгаро эътирофшудаи наҳзати исломӣ ба конфронс дар Теҳрон даъват шуд, Тоҷикистон муносибатҳояш бо Эронро ба сардӣ гароиданӣ нест, - иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.
Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳанӯз ахири моҳи сентябри соли гузашта тариқи воситаҳои дипломатӣ шарикони сиёсати хориҷии худро аз фаъолияти террористии ҲНИТ, нақши ин ҳизб ва пешвои он дар ташкили исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябр огоҳ карда буд.
«Бо вуҷуди ин, Теҳрон М.Кабириро ба конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ» даъват карда, ӯро барои нишастан дар паҳлӯи намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон роҳнамоӣ кард», - қайд кард вазир.
Дар идома С.Аслов гуфт: «Дар ёддошти худ мо ба Эрон хотиррасон кардем, ки дар кори мубориза бо терроризм набояд ба ҳеҷ гуна сиёсати меъёрҳои дугона роҳ дод».
Раиси идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳори бовар кард, ки «минбаъд Теҳрон муносибат бо террористон ва ҳукумати расмии Тоҷикистонро ба як паҳлӯи тарозу намегузорад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста