Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз насби парчами Қирғизистон бар боми хонаи шаҳрвандони тоҷик дар ҳудуди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ карда, ба мақомоти Қирғизистон нота ё ёддошти эътирозӣ фиристодааст.
Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин ёддошт аз вуруди ғайриқонунии раҳбари яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон ва сарҳадбонҳои он кишвар ба ҳудуди рустои ба номи Ҳалим Бобоеви ҷамоати Овчӣ-Қалъача нигаронӣ шудааст.
Ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки Қирғизистон вобаста ба ин қазия тафтишоти мунсифона барад ва омилонашро ба ҷавобгарӣ бикашад. Инчунин, дар ин ёддошт аз ҷониби Қирғизистон хоста шудааст, ки дар оянда аз ҳамагуна худсариҳо ҷилавгирӣ намояд.
Ёдрас мекунем, ки тақрибан 30-40 марзбони қирғиз рӯзи 6 феврал вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар болои манзили зисти Муҳаммадалӣ Абдулвалиев ва Абдуғаффор Ҷалолов - сокинони ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - парчами кишварашонро насб карда, иддао кардаанд, ки манзили Муҳаммадалӣ Абдувалиев дар хоки Қирғизистон аст ва соҳибаш бояд онро холӣ кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста