Дар шаҳри Душанбе рӯзи 9 феврали соли 2016 даври навбатии машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти раҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетикӣ, иртиботи нақлиётӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд. Дар ин росто ба рафти иҷрои тавофуқоте, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи ноябри соли 2015 дар Исломобод ҳосил шуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷиҳати тақвияти ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор, барқарор намудани робитаҳои фаъол байни соҳибкорон ва доираҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон ва инчунин тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф иқдомҳои муштарак ҳамоҳанг карда шуданд.
Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Дар натиҷаи машваратҳо омодагии ҳарду ҷониб ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои сиёсӣ, аз он ҷумла дар сатҳҳои олию баланд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста