Ба муносибати ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки санаи 16 феврал дар Брюссел доир мегардад, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич бо намояндагони васоити ахбори умум мулоқот кард.
Ҳидает Бишчевич изҳор дошт, ки қаблан бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сирҷиддин Аслов мулоқот доштааст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раҳбарӣ мекунад. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро вазири корҳои хориҷии Голландия Берт Кундерс сарварӣ хоҳад кард. «Дар доираи сафар ба Брюссел Сироҷиддин Аслов бо Намояндаи олии ИА Федерика Могерини дидору гуфтушунид мекунад», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи сафири ИА, дар ҷаласа ба масоили амнияти минтақавӣ, вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. «Мо дарк мекунем, ки масоили амният омили муҳим аст ва рӯйдодҳои минбаъда комилан ба онҳо вобастаанд», - қайд кард номбурда.
Дар идома ӯ зикр кард, ки дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба баргузор кардани марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва муколами сатҳи баланд оид ба масоили амният тавофуқ ҳосил хоҳанд кард.
«Тоҷикистон кишвари таъминкунандаи суботу амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Шоёни диққат аст, ки ин вохӯрӣ баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ИА ва дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Стратегияи ИА дар муносибат бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то соли 2020 пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид мебояд кард, ки имсол Иттиҳоди Аврупо тарзи корбарии худро тағйир дода, бо ҳар кадоме аз кишварҳо масъалаҳоро ҷудогона ҳаллу фасл мекунад», - афзуд Ҳидает Бишчевич.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста