Вазири давлатии рушди байналмилалии (DFID) Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Десмонд Свейн ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, ният дорад, ки бо мансабдорони воломақом масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистонро баррасӣ кунад.
Бино ба маълумоти сафорати Британияи Кабир дар ҶТ, дар доираи сафари мазкур ба хотири баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин мулоқоту вохӯриҳои ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ низ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар сафари Д.Свейн ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар самти дастгирии рушди иқтисод, идоракунии пурсамари давлатӣ ва устувории аз ҷониби Британияи Кабир пешниҳдмешуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Вакили парлумони Британияи Кабир Десонд Свейн ба Душанбе ташриф оварда, аз ҷумла изҳор дошт: «Аз сафари нахустин ба Душанбе, ки ба доираи вазифаҳои вазирии ман маосили Осиёи Марказӣ низ дохил шуд, хеле хушнудам. Бо хурсандӣ гуфтушунид ва баррасиҳо бо ҳукумат, намояндагони тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандиро интизорам ва атрофи кумаки шарикӣ бо Британияи Кабир дар ноил гардидан ба дастовардҳо дар соҳаҳои муҳиме чун рушди иқтисод ва идоракунии пурсамари давлатӣ изҳори назар карданиам. Ман ҳамчунин ноил гардидан ба тавофуқҳо дар бораи густариши шарикии мо дар ояндаро низ беҳад интизорам».
Вазорати давлатии рушди байналмилалии (DFID) Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар самти мубориза бо қашшоқӣ фаъолият намуда, ба воситаи таъсиси ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои духтарону занон ҷиҳати истифодаи имконоти онҳо ва кумак барои наҷоти ҳаёт дар вазъҳои фавқулодаи дорои хусусияти башардӯстона вобастагӣ аз кумаки берунаро коҳиш медиҳад.
Зимни вохӯрии рӯзи 4 феврал бо журналистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор дошта буд, ки барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи интиқоли барқи CASA-1000 ба сифати қарзи имтиёзнок Британияи Кабир 31 млн. фунт стерлинг ҷудо кардааст. Ғайр аз ин, соли гузашта барои эҳтиёҷоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Британияи Кабир ба сифати кумак 18 автомашинаи боркаш тақдим намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста