Дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 феврали соли 2016 дар Брюссел доир гардид, Комиссияи Аврупо ваъдаи худро дар ҷудо намудани 251 млн евро барои Тоҷикистон чун маблағгузории нав баҳри рушди ин кишвар дар давраи солҳои 2014-2020 бори дигар таъкид кард.
Бино ба маълумоти расмии намоядагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ, маблағи мазкур асосан ба рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф равона карда мешавад, зеро ин соҳаҳо барои рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ, хусусан дар шароити ҳозираи иқтисодии Осиёи Марказӣ ҳаётан муҳим мебошанд.
«Инчунин дар ҷаласаи Шӯро тарафайн омодагии худро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар якчанд самтҳои ҳамкорӣ бори дигар таъкид намуда, пешравии ҳамкориҳоро аз замони ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2014 сурат гирифта буд, баррасӣ намуданд», - омадааст дар маълумоти расмӣ.
Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки барои рушди Тоҷикистон пайгирии сиёсати шаффоф мабнӣ бар эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ муҳим аст.
Шӯрои мазкур иҷроиши ҳамаҷонибаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ чи дар сатҳи минтақавӣ ва чи дар сатҳи миллиро зарур дониста, иштироки фаъолонаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо хушнудӣ истиқбол намуд.
Илова бар ин, вазъи иҷроиши се ташаббуси муҳим марбут ба волоияти қонун, маориф ва нигаҳдории муҳити зист ва инчунин масъалаҳои мутақобилан муҳим ба монанди ислоҳоти сиёсӣ ва идоракунӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, озодиҳои динӣ, равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва бехатарии сарҳадот мавриди баҳс қарор дода шуданд.
Ғайр аз ин, Шӯрои ҳамкорӣ рӯйдодҳои минтақавиро дар бахши энергетика, мушкилоту ситезаҳои марбут ба амният, аз ҷумла идоракунии сарҳадот ва ифротгароиро баррасӣ намуданд. «Ҳифзи сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ба манфиати Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аст ва тарафайн кӯшиш мекунанд, ки ҳамкориҳоро дар ин самт зиёд намоянд», -гуфта мешавад дар иттилоия.
Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд ҷаноби Берт Кендерс ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сироҷидин Аслов сарварӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста