Ҳукуматдорони Беларус яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодоваро раҳо карданд. Дар ин бора бо истинод ба мухолифони тоҷики муқими хориҷи кишвар васоаити ахбори умум иттилоъ доданд.
Шабнам Худойдодова рӯзи 22 феврал баъди ҳабси ҳаштмоҳа озод карда шуд. Мақомоти суди Беларус дар бораи истирдод нашудани ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул намуда, бо ин амал мақоми расмии ӯ ҳамчун гурезаи сиёсиро тасдиқ карданд.
Зимни дар тавқифгоҳ қарор доштан, Шабнам Худойдодова дар бораи ба ӯ додани мақоми паноҳандаи сиёсӣ муроҷиат карда буд. Айни замон дар бораи макони ҳузури яке аз фаъолони созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» ба хотири таъмини амнияти ӯ маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар сомонаи арзномаҳои ҷамъиятии Avaaz.org зери арзнома-муроҷиат ба унвони президенти Беларус Александр Лукашенко дар мавриди манъи истирдоди Шабнам Худойдодова ба Тоҷикистон ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ шуда буд.
Дар арзнома (петитсия) қайд шуда буд, ки Шабнам Худойдодова «ҷинояткор нест». «Ӯ ҳеҷ ҷинояте содир накардааст. Танҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъолият намуда, ҳуқуқҳои қонунии ҷомеаи демократиро талаб кард.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 июни соли 2015 зимни убури марзи Русия ва Беларус шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова ба ҳабс гирифта шуд , зеро он замон барои фаъолияти ифротгароӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавриди пайгард қарор дошт. Дар ин бора дар блоги Надежда Атоева , президенти Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода шуда буд.
Зикр гардида буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ фаъолона аз афкори интиқодии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, зарурати ислоҳоти демократӣ дар ватанашро таъкид месохт. Мувофиқи имкон Худойдодова дар аксияҳои гуманитарӣ ба хотири дастгирии муҳоҷирони кории тоҷик низ иштирок мекард.
Тайи солҳои ахир Шабнам Худойдодова дар Русия иқомат дошт. Ӯ пас аз истирдоди Мақсуд Иброҳим, пешво ва муассиси созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», узви роҳбарияти нерӯҳои мухолифини «Тоҷикистони нав», ки «Гурӯҳи 24» низ ба он шомил аст, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд. М.Иброҳимов рӯзи 20 январ дар Маскав бедарак шуда, баъдан маълум шуд, ки ӯ дар Тоҷикистон аст.
Баъди гузашти чанд рӯз аз боздошти Ш,Худойдодова, ташкилоти Иттиҳодияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» - AHRCA дар робита ба таҳдиди истирдоди ӯ ба Тоҷикистон нигаронӣ изҳор карда, қайд кард ки барои ибрози назари ошкори андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон ба ӯ шиканҷа ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 20 сол таҳдид мекунад.
Тобистони соли гузашта Иттиҳоди Аврупо низ бо дархости истирдод нашудани яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодова муроҷиат намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста