Бо ташаббуси ташкилоти байнулмилалии ҷамъиятии «Муколамаи авруосиёӣ (Евразийский диалог) рӯзи 27 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани арзишҳои моддӣ ва маънавии миллат» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», конфронс ба муносибати қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» баргузор шуда, дар мавзӯи нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ олимон, сиёсатшиносон, муаррихон ва ҷомеашиносон суханронӣ ва маърӯзаҳо хоҳанд кард.
Кори конфронс дар қисматҳо (гурӯҳҳо) идома ёфта, иштирокчиёни онҳо доир ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ, хизмати таърихии Пешвои миллат, Пешвои миллат - асосгузори давлати миллии тоҷикон, рушди забони давлатӣ ҳамчун ғалабаи сиёсати миллии Пешвои миллат, нақши хирадмандонаи миллии Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ ва дар бораи Пешвои миллат - асосгузори дипломатияи муосири Тоҷикистон соҳибистиқлол маълумот хоҳанд дод.
Дар ҷараёни кори конфронси ҷумҳуриявӣ намоиши филм дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста