Иттиҳоди Аврупо (ИА) изҳор медорад, ки аз посухҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди амалҳои террористии 4 сентябр, ки ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боис гардид, нигарон аст.
Дар изҳороти мунташиршудаи Иттиҳоди Аврупо зикр мегардад, ки дар пайи ин рӯйдод бисёре аз аъзои ҲНИТ ҳабс ва бидуни кафолати суди мунсифона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки ҲНИТ дар рӯйхати созмонҳои байнулмилалии террористӣ ҷой надорад.
Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо аз ҳабси адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров, Нодир Додоҷонов ва Нуриддин Маҳкамов, ки аз манфиатҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ҳимоят мекарданд, низ нигаронӣ изҳор намудааст.
«Мо муҳим будани риояи қонунҳоро тасдиқ намуда, ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини тафтиши боадолатона ва шаффофи парвандаҳои ҷиноӣ нисбати аъзои боздштшудаи ҲНИТ ва адвокатҳои онҳо мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалӣ даъват мекунем. Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалиаш дар доираи САҲА дастгирӣ карданист», - гуфта мешавад дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста