Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 24 феврали соли 2016 дар чорабинии сатҳи вазирон бахшида ба 50-солагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), ки дар бинои СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни чорабинии мазкур меҳмонони олимақоми кишварҳои аъзо диди худро оид ба фаъолияти самараноки БРСММ дар даҳсолаҳои оянда ҷиҳати мусоидати бештар ба талошҳои кишварҳои аъзо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иброз намуданд.
Гуфта мешавад, илова бар ин, Вазири корҳои хориҷӣ, ки ҷиҳати суханронӣ дар мубоҳисаҳои тематикӣ таҳти унвони “Мудирияти хавф, зарфиятсозӣ ҷиҳати муқовимат ба офатҳо” даъват шуда буд, дар бораи зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, ба вижа офатҳои марбут ба об ибрози назар кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста