Таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар рӯзи 24 феврали соли 2016 ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласаи қаблии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз таърихи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар бораи ташкили 68 ҳавзаи раъйпурсӣ қарор қабул гардида буд.
Дар ҷаласаи имрӯза қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими давраи омодагиҳо ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ва тасдиқи ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад. Зеро комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дар ин раванд нақши басо муҳим доранд ва масъалаҳои гуногуни вобаста ба раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза ҳаллу фасл менамоянд.
Аз ин рӯ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ дар 68 ҳавзаи раъйпурсӣ комиссияҳо ҳар кадом дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на кам аз 6 аъзо ташкил карда шуд.
Инчунин бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ намунаҳои муҳри комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ муқаррар ва тартиби иваз кардани аъзои комиссияҳои ҳавзавию участкавии раъйпурсӣ муайян карда шуданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва бо санадҳои ҳуқуқӣ таъмин кардани комиссияҳои раъйпурсӣ тибқи салоҳиятҳои қонунии худ дастурамалҳо таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи якхелаи қонунро таъмин карда, онро тавзеҳ медиҳад.
Бо ин мақсад бо қарорҳои КМИР 5 дастурамал ва як маҷмуаи саволу ҷавобҳо доир ба гузаронидани раъйпурсӣ тасдиқ карда шуданд. Дастурамалҳои мазкур бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба ҳамаи комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ дастрас карда мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста