Сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим зимни суханронӣ дар Маркази байнулмилалии савдо ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон ба ҳозирин доир ба имконоти сармояугзорӣ дар Тоҷикистон, захираҳои обиву энергетикӣ, сайёҳӣ, рушди коммуникатсия ва бахши аграрии ҷумҳурӣ маълумот дод.
Дар маърӯзаи худ дипломати тоҷик аз ҷумла ба масъалаи талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар самти ноил гардидан ба се ҳадафи стратегӣ - раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Фарҳод Салим ҳамчунин ба саволҳои сершумори иштирокдорони чорабинӣ, ки миёнашон намояндагони сохторҳои расмии ИМА ва доираҳои тиҷоратӣ, дипломатҳо, муҳаққиқон ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд, посух гуфт.
Қобили зикр аст, ки ин вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон бо мусоидати ширкати The Washington Intergovernmental Professional Group, ба ташкили вохӯриҳо бо аъзои Конгресс ва дипломатҳои хориҷии муқими пойтахти ИМА машғул аст, созмон дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста