Сафири Тоҷикистон дар Белгия Эркинхон Раҳматуллозода рӯзи 2 март дар кохи «Брюссел» ба шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария эътимодномаҳои худро супурд.
Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Белгия, пас аз маросими тақдими эътимодномаҳо Э.Раҳматуллозода ба шоҳи Белгия дуруди паёми самимии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Зимни мулоқот сафир манфиатдории кишварашро ба густариши муносибатҳо байни давлатҳо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ изҳор намуд.
Шоҳи Белгия ба вазъ дар минтақа, бахусус дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки кишвараш ба тавсеъаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон омода аст.
Ҳамчунин шоҳи Белгия аз сафир дархост кард, ки дуруду паёми самимии ӯро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста