Дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта 7 марти 2016 Саммити панҷуми фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар Саммит Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов аз номи Ҳукумати кишвар суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба ин қазияи меҳварии СҲИ иброз намуд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Фаластин ва мардуми он ҷиҳати ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ карда, ба азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала даъват ба амал овард.
Дар поёни Саммит эъломия ва қатъномаи Ҷакарта доир ба Фаластин ва Қудси Шариф қабул гардид.
Дар ҳошияи Саммити мазкур мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Вазири корҳои хориҷии Малайзия Датук Сери Анифаҳ Ҳоҷӣ Аман доир гардид.
Ҷонибҳо масоили муносибатҳои дуҷонибаро, аз ҷумла раванди татбиқи тавофуқот ва созишҳое, ки қаблан зимни сафарҳои расмии ҳайатҳои сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар ба даст омадаанд, баррасӣ намуда, дар мавриди вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста