Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 март маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъини ҳашт давлати хориҷӣ ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Олег Иванов , Шоҳигарии Шветсия Ингрид Терсман , Маҷористон Андраш Барани , Ҷумҳурии Юнон Данаи-Магдалина Куманаку , Ҷумҳурии Ирландия Эдриан Макдэйд , Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Клаудио Раҷа Габаглия Линс , Бруней-Доруссалом Ҳоҷӣ Маҳади Майдин ва Сафири Ҷумҳурии Того Оуро Сама Муҳаммад Сад супориданд.
Гуфта мешавад, пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Низомиддин Зоҳидӣ бо сафирони навтаъин доир гардида, зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин муовини якуми вазир сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, нимаи дуюми имрӯз ҳамаи сафирони тозатаъини дар боло зикршуда эътимодномаҳои худро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон месупоранд.
Ба ҳашт нафар сафирони зикршуда ҳамчунин сафирони навтаъини ИМА дар тоҷикистон Элизабет Инга Миллард ва Туркманистон дар Тоҷикистон Чорӣ Отаев низ ҳамроҳ мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста