Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд. Санадҳои қабулшудаи миёни ду давлат ба самтҳои муҳими ҳамкориҳо дахл дошта, базаи ҳуқуқиро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти муттаҳидаи Араб таъмин менамоянд.
Аз аввали соли 2011 дар Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2007 Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд.
Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб низ аз 20 апрели соли 2010 Сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона таъйин намудааст. Айни замон Сафири ғайримуқими ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ мебошад, ки эътимодномаи худро 6 марти соли 2014 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста